You are here: Home » Chapter 2 » Verse 264 » Translation
Sura 2
Aya 264
264
يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنوا لا تُبطِلوا صَدَقاتِكُم بِالمَنِّ وَالأَذىٰ كَالَّذي يُنفِقُ مالَهُ رِئَاءَ النّاسِ وَلا يُؤمِنُ بِاللَّهِ وَاليَومِ الآخِرِ ۖ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ صَفوانٍ عَلَيهِ تُرابٌ فَأَصابَهُ وابِلٌ فَتَرَكَهُ صَلدًا ۖ لا يَقدِرونَ عَلىٰ شَيءٍ مِمّا كَسَبوا ۗ وَاللَّهُ لا يَهدِي القَومَ الكافِرينَ

Эй касоне, ки имон овардаед, моианди он кас, ки амволи худро аз рӯи риё ва худнамоӣ харҷ мекунад ва ба Худову рӯзи қиёмат имон надорад, садақаҳои хешро ба миннат ниҳодан ва озор расонидан ботил макунед. Масали ӯ мисли санги софест, ки бар рӯи он хок нишаста бошад. Ба ногоҳ бороне тунд фурӯ борад ва он сангро ҳамчунон киштнопазир боқӣ гузорад. Чунин касон аз он чӣ кардаанд, нафъе намебаранд, ки Худо кофиронро ҳидоят намекунад.