34۞ يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنوا إِنَّ كَثيرًا مِنَ الأَحبارِ وَالرُّهبانِ لَيَأكُلونَ أَموالَ النّاسِ بِالباطِلِ وَيَصُدّونَ عَن سَبيلِ اللَّهِ ۗ وَالَّذينَ يَكنِزونَ الذَّهَبَ وَالفِضَّةَ وَلا يُنفِقونَها في سَبيلِ اللَّهِ فَبَشِّرهُم بِعَذابٍ أَليمٍ Эй касоне, ки имон овардаед, бисёре аз олимону обидон амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд. Ва касонеро, ки зару сим ҷамъ мекунанд ва дар роҳи Худо харҷаш намекунанд, ба азобе дардовар хабар деҳ,