Ҳар ҷо, ки худ сукунат кунед, онҳоро низ ба қадри тавонии худ маскан диҳед. Ва то бар онҳо танг гиред, маёзоредашон. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро 'бидиҳед, то вазъи ҳамд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва ба ваҷҳе некӯ бо якдигар маслиҳат кунед. Ва агар мувофиқат накардед, аз зане дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.