16وَاللَّذانِ يَأتِيانِها مِنكُم فَآذوهُما ۖ فَإِن تابا وَأَصلَحا فَأَعرِضوا عَنهُما ۗ إِنَّ اللَّهَ كانَ تَوّابًا رَحيمًا Ва он ду танро, ки муртакиби он амал шудаанд, биёзоред. Ва чун тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, аз озорашон даст бардоред, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст.