49يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنوا إِذا نَكَحتُمُ المُؤمِناتِ ثُمَّ طَلَّقتُموهُنَّ مِن قَبلِ أَن تَمَسّوهُنَّ فَما لَكُم عَلَيهِنَّ مِن عِدَّةٍ تَعتَدّونَها ۖ فَمَتِّعوهُنَّ وَسَرِّحوهُنَّ سَراحًا جَميلًا Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъминро никоҳ кардед, ва пеш аз он ки бо онҳо наздикӣ кунед, талоқашон гуфтед, шуморо бар онҳо иддае нест, ки бипоянд. Пас ононро ҳадя диҳед ва ба некӯтарин тарз раҳояшон кунед.