93۞ كُلُّ الطَّعامِ كانَ حِلًّا لِبَني إِسرائيلَ إِلّا ما حَرَّمَ إِسرائيلُ عَلىٰ نَفسِهِ مِن قَبلِ أَن تُنَزَّلَ التَّوراةُ ۗ قُل فَأتوا بِالتَّوراةِ فَاتلوها إِن كُنتُم صادِقينَ Ҳамаи таъомҳо бар банӣ-Исроил ҳалол буд, ғайри онҳо, ки пеш аз нузули Таврот Исроил бар худ ҳаром карда буд. Бигӯ: «агар рост мегӯед, Тавротро биёвареду бихонед».