7وَأَوحَينا إِلىٰ أُمِّ موسىٰ أَن أَرضِعيهِ ۖ فَإِذا خِفتِ عَلَيهِ فَأَلقيهِ فِي اليَمِّ وَلا تَخافي وَلا تَحزَني ۖ إِنّا رادّوهُ إِلَيكِ وَجاعِلوهُ مِنَ المُرسَلينَ Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки шираш бидеҳ ва агар бар ӯ бимнок шудӣ ӯро ба дарё бияндоз ва матарс ва ғамгин машав, ӯро ба ту бозмегардонем ва дар шумори паёмбаронаш меоварем.