45وَاللَّهُ خَلَقَ كُلَّ دابَّةٍ مِن ماءٍ ۖ فَمِنهُم مَن يَمشي عَلىٰ بَطنِهِ وَمِنهُم مَن يَمشي عَلىٰ رِجلَينِ وَمِنهُم مَن يَمشي عَلىٰ أَربَعٍ ۚ يَخلُقُ اللَّهُ ما يَشاءُ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ Ва Худо ҳар ҷунбандаеро аз об биёфарид Баъзе аз онҳо бар шикам мераванд ва баъзе бар ду по мераванд ва баъзе бар чаҳор по мераванд. Худо ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Зеро Худо бар ҳар коре тавоност!