Ҳидоят ёфтани онон бар ӯҳдаи ту нест, балки Худост, ки ҳар киро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва ҳар моле, ки садақа мекунед, савобаш азони худи шумост ва ҷуз барои хушнудии Худо чизе харҷ макунед ва ҳар чӣ харҷ кунед, мукофоти он ба шумо мерасад ва бар шумо ситам нахоҳад шуд.