Ва чун занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон гузашт, манъ накунед, ки ба никоҳи ҳамсарони худ — ҳар гоҳ ки миёнашон ризояте ҳосил шуда бошад — дароянд. Касе, ки аз шумо ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошад, инчунин панд гирад. Ва ин шуморо беҳтар ва ба покӣ наздиктар аст. Худо медонад ва шумо намедонед!