You are here: Home » Chapter 2 » Verse 217 » Translation
Sura 2
Aya 217
217
يَسأَلونَكَ عَنِ الشَّهرِ الحَرامِ قِتالٍ فيهِ ۖ قُل قِتالٌ فيهِ كَبيرٌ ۖ وَصَدٌّ عَن سَبيلِ اللَّهِ وَكُفرٌ بِهِ وَالمَسجِدِ الحَرامِ وَإِخراجُ أَهلِهِ مِنهُ أَكبَرُ عِندَ اللَّهِ ۚ وَالفِتنَةُ أَكبَرُ مِنَ القَتلِ ۗ وَلا يَزالونَ يُقاتِلونَكُم حَتّىٰ يَرُدّوكُم عَن دينِكُم إِنِ استَطاعوا ۚ وَمَن يَرتَدِد مِنكُم عَن دينِهِ فَيَمُت وَهُوَ كافِرٌ فَأُولٰئِكَ حَبِطَت أَعمالُهُم فِي الدُّنيا وَالآخِرَةِ ۖ وَأُولٰئِكَ أَصحابُ النّارِ ۖ هُم فيها خالِدونَ

Туро аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: «Ҷанг кардан дар он моҳ гуноҳе бузург аст. Аммо боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва кофир шудан ба ӯ ва Масҷидулҳаром ва берун рондани мардумаш аз он ҷо дар назди Худованд гуноҳе бузургтар аст ва ширк аз қатл бузургтар аст!». Онҳо бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо онҳо, ки аз дини худ бозгарданд ва кофир бимиранд, аъмолашон дар дунё ва охират нобуд шуда ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!