198لَيسَ عَلَيكُم جُناحٌ أَن تَبتَغوا فَضلًا مِن رَبِّكُم ۚ فَإِذا أَفَضتُم مِن عَرَفاتٍ فَاذكُرُوا اللَّهَ عِندَ المَشعَرِ الحَرامِ ۖ وَاذكُروهُ كَما هَداكُم وَإِن كُنتُم مِن قَبلِهِ لَمِنَ الضّالّينَ Агар ба ҳангоми ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, гунаҳгор нашудаед ва чун аз Арафот бозгаштаед, Худоро дар Машъарулҳаром ёд кунед: аз он рӯ ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будаед.