Дар офариниши осмонҳову замин ва дар омадушуди шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост!