31أُولٰئِكَ لَهُم جَنّاتُ عَدنٍ تَجري مِن تَحتِهِمُ الأَنهارُ يُحَلَّونَ فيها مِن أَساوِرَ مِن ذَهَبٍ وَيَلبَسونَ ثِيابًا خُضرًا مِن سُندُسٍ وَإِستَبرَقٍ مُتَّكِئينَ فيها عَلَى الأَرائِكِ ۚ نِعمَ الثَّوابُ وَحَسُنَت مُرتَفَقًا Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери поҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳое зар меороянд ва ҷомаҳое сабз аз шоҳии нозуку дебои дурушт мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ мукофоти некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе!