30۞ وَقيلَ لِلَّذينَ اتَّقَوا ماذا أَنزَلَ رَبُّكُم ۚ قالوا خَيرًا ۗ لِلَّذينَ أَحسَنوا في هٰذِهِ الدُّنيا حَسَنَةٌ ۚ وَلَدارُ الآخِرَةِ خَيرٌ ۚ وَلَنِعمَ دارُ المُتَّقينَ Аз парҳезгорон пурсанд: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «Беҳтаринро». Ба онон, ки дар ин дунё некӣ кунанд, некӣ музд диҳанд ва диёри охират некӯтар аз он аст ва ҷойгоҳи парҳезгорон чӣ ҷойгоҳи хубест!