38وَلَقَد أَرسَلنا رُسُلًا مِن قَبلِكَ وَجَعَلنا لَهُم أَزواجًا وَذُرِّيَّةً ۚ وَما كانَ لِرَسولٍ أَن يَأتِيَ بِآيَةٍ إِلّا بِإِذنِ اللَّهِ ۗ لِكُلِّ أَجَلٍ كِتابٌ Ба таҳқиқ пеш аз ту паёмбароне фиристодаем ва барояшон ҳамсарону фарзандон қарор додаем. Ва ҳеҷ паёмбареро ҳаққи он набуд, ки ҷуз ба фармони Худо ояте биёварад ва ҳар амреро замоне навишташуда аст.