90قالوا أَإِنَّكَ لَأَنتَ يوسُفُ ۖ قالَ أَنا يوسُفُ وَهٰذا أَخي ۖ قَد مَنَّ اللَّهُ عَلَينا ۖ إِنَّهُ مَن يَتَّقِ وَيَصبِر فَإِنَّ اللَّهَ لا يُضيعُ أَجرَ المُحسِنينَ Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд, Худо муздашро нобуд намесозад».