23فَلَمّا أَنجاهُم إِذا هُم يَبغونَ فِي الأَرضِ بِغَيرِ الحَقِّ ۗ يا أَيُّهَا النّاسُ إِنَّما بَغيُكُم عَلىٰ أَنفُسِكُم ۖ مَتاعَ الحَياةِ الدُّنيا ۖ ثُمَّ إِلَينا مَرجِعُكُم فَنُنَبِّئُكُم بِما كُنتُم تَعمَلونَ Чун Худо онҳоро бираҳонад, бинӣ, ки дар замин ба ноҳақ саркашӣ кунанд. Эй мардум, ин саркашӣ ба зиёни худатон аст. Манфиатест дар ин зиндагии дунявӣ. Он гоҳ ҳама ба назди Мо бозмегардед то аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон созем.