104قُل يا أَيُّهَا النّاسُ إِن كُنتُم في شَكٍّ مِن ديني فَلا أَعبُدُ الَّذينَ تَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ وَلٰكِن أَعبُدُ اللَّهَ الَّذي يَتَوَفّاكُم ۖ وَأُمِرتُ أَن أَكونَ مِنَ المُؤمِنينَ Бигӯ: «Эй мардум, агар шумо дар дини ман шак доред, ман чизҳоеро, ки ба ҷои Оллоҳ мепарастед, намепарастам. Ман Оллоҳро мепарастам, ки шуморо мемиронад ва амр шудаам, ки аз мӯъминон бошам!»